Коҳиши начандон зиёди суръати истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар зарфи 10 моҳи соли равон тақрибан 60% афзуд. Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд,  давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 692 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар зарфи 10 моҳи соли равон тақрибан 60% афзуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд,  давоми моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 692 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

«Истихроҷи ангишт бинобар сабаби мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар истеҳсолот, гармкунӣ ва дигар талабот ба ивази гази табиӣ ва нерӯи барқи гароннарх (масалан, барои коркарди газ дар ТАЛКО) зиёд шуд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Аммо дар муқоиса бо моҳи гузашта истихроҷи ангишт дар моҳи октябр қариб 40 ҳазор тонна кам шуд. Моҳи октябр дар ҷумҳурӣ 97 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин нишондиҳанда ба 137 ҳазор тонна баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.