Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон – узви «Гурӯҳи 24» дар Бишкек

Дар доираи чорабиниҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва пешгирии терроризм кормандони мақомоти милиса ва амнияти миллии Қирғизистон санаи 15-уми ноябри соли равон шаҳрванди Тоҷикистон, узви созмони динии ифротгарои фаъолияташ мамнӯъро боздошт карданд. Бино ба иттилои торнамои «Сводка» бо истинод ба хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон, тоҷикистонии 40-сола Амрахон Эргашев дар яке аз кӯчаҳои Бишкек боздошт ва зимни […]

ASIA-Plus



Дар доираи чорабиниҳои муқовимат ба ифротгароӣ ва пешгирии терроризм кормандони мақомоти милиса ва амнияти миллии Қирғизистон санаи 15-уми ноябри соли равон шаҳрванди Тоҷикистон, узви созмони динии ифротгарои фаъолияташ мамнӯъро боздошт карданд.

Бино ба иттилои торнамои

«Сводка»

бо истинод ба хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон, тоҷикистонии 40-сола Амрахон Эргашев дар яке аз кӯчаҳои Бишкек боздошт ва зимни санҷиш маълум шудааст, ки моҳи августи соли 2009 ӯ бо истифода аз шиносномаи хеши наздикаш ғайриқонунӣ тариқи вилояти Ботканд марзи Қирғизистонро убур намудаааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванд А.Эргашев аз соли 2002 узви фаъоли созмони диниии ифротгарои «Ҷамоати таблиғ» дар Тоҷикистон буда, чун Тоҷикистон ба тадбирҳои боздошти аъзои ин созмони фаъолияташ мамнӯъ тақвият мебахшад, А.Эргашев ҷиҳати раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ, ғайриқонунӣ марзи Қирғизистонро убур намуда, то ин замон дар қаламрави пойтахти кишвари ҳамсоя зиндагӣ доштааст.

Ғайр аз ин, А.Эргашев узви фаъоли ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» аст, ки аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон иқдомҳои оммавии эътирозӣ барпо карданӣ буд.

Далели убури ғайриқонунии марзи давлатии Қирғизистон аз ҷониби А.Эргашев дар Раёсати умури дохилии ноҳияи Свердловски шаҳри Бишкек сабт шуда, маводи ҷамъшуда оид ба ин далел ба Сарраёсати КДАМ Қирғизистон супурда шудааст.

Санаи 18-уми ноябри соли 2014 суди ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек дар бораи аз қаламрави Қирғизистон хориҷ кардани шаҳрванд Амрохон Эргашев ҳалнома содир кард.

Ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов, ки аз Тоҷикистон фирор карда буд, таъсис дода шуд. Баъдан тоҷири дигари фироркардаи тоҷик Шарофиддин Гадоев низ худро узви ин гурӯҳ эълон кард. Онҳо Шамсулло Соҳибов, домоди президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар азхудкунии амволи ширкатҳои ба онҳо тааллуқдошта гунаҳкор медонанд.

Аввали моҳи октябри соли равон  Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро

ифротгаро эълон карда,

фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.