Дар Қӯрғонтеппа дорувории муҳлаташ гузаштаро нобуд карданд

Намояндагони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон  ахиран  маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузаштаро маҳв карданд. Ба гуфтаи  Муҳаммадҷон Қараев, сардори шуъбаи назорати фаъолияти фармасевтии Раёсати мазкур , солҳои охир муассисаҳои дорусозӣ масъулиятшинос шудаанд, зеро сатҳи маърифатнокии мардум низ боло рафтаасту ҳангоми хариди маводи доруворӣ ба муҳлати истифодаи он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.  […]

Сайраҳмон Назриев



Намояндагони Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон


 ахиран 


маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузаштаро маҳв карданд.

Ба гуфтаи 

Муҳаммадҷон Қараев, сардори шуъбаи назорати фаъолияти фармасевтии Раёсати мазкур


, солҳои охир муассисаҳои дорусозӣ масъулиятшинос шудаанд, зеро сатҳи маърифатнокии мардум низ боло рафтаасту ҳангоми хариди маводи доруворӣ ба муҳлати истифодаи он аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. 


Вай дар оғози чорабинии нобудсозии маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ иброз дошт


, ки ин навбат 

79 ҳазору 486 адад маводи 

доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлаташон гузашта ба маблағи 303 ҳазору 813 сомонӣ маҳв карда мешавад. 




Безарарсозии маводи доруворӣ ва ороишӣ мувофиқи нақшаи Раёсат дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ин амали ҷамъбастии соли ҷорист. 




«

Ин чорабинии нобудсозӣ аз амалиёти ҳамсони пешин бо он фарқ мекунад, ки соҳибкорон ва муассисаҳои тандурустии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон маводи доруворӣ ва ороишиеро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, ихтиёран ба анбори Раёсат барои безарарсозӣ оварда супориданд. Аммо дар солҳои қаблӣ як қисми маводи дорувории муҳлаташ гузаштаро агар худи соҳибкорон оварда месупориданд, қисмати дигарашро нозирони Раёсат зимни санҷишҳо ошкор ва барои нобудсозӣ мусодира мекарданд


»


, – афзуд Қараев.



Ба қавли ӯ, дар соли равон ба Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилоят ҳамагӣ 4 муроҷиат шудааст, ки аз ин ду муроҷиаташ дар бораи шубҳа доштан ба сифати доруворӣ будааст. Баъд аз санҷиши муроҷиати шаҳрвандон ва аз ташхис гузаронидани дорувории пешниҳодкардаи муроҷиаткунандагон маълум шуд, ки маводи шубҳаи шаҳрвандонро барангехта дорои сертификати мутобиқат буда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.


Нобудсозии маводи доруворӣ дар партовгоҳи шаҳри Сарбанд, дар ҳузури комиссияи махсусе, ки аз тарафи раёсат таъсис дода шуда, ба он намояндагони якчанд ниҳод ва соҳибкорон шомил буданд, сурат пазируфт.


Соҳибкор ва сарвари ширкати «Сомонфарм» Шералӣ Раҳматов зимни суҳбат бо «Азия-Плюс» чунин иброз дошт: 

«

Мо, соҳибкороне, ки ба вуруд ва фурӯши маводи доруворӣ машғулем, муҳлати истифодаи онро таҳти назорати қатъии худ қарор додаем. Доруҳоеро, ки ба муҳлати эътиборашон камтар аз як моҳ мондааст, аз дорухонаҳо ҷамъоварӣ карда, дар асоси мактуб ба анбори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ месупорем. Албатта, аз ҳисоби ин маводи доруворӣ ширкатҳо ва соҳибкорон зарари молии зиёд мебинанд, вале саломатии мардум ва риояи қонунгузории кишвар барои мо болотар аст

».




«


Мо намехоҳем, обрӯйи ширкатҳоямон дар бозори фармасевтӣ коҳиш ёбад. Баъдан, нозирони Раёсат ҳамеша дорухонаю муассисаҳои фармасевтиро назорат карда, дар сурати ошкор ва дарёфти маводи дорувории муҳлаташ гузашта, моро ҷаримабандӣ мекунанд. Сатҳи маърифатнокии мардум низ хеле боло рафтааст ва ҳангоми хариди маводи доруворӣ ба муҳлати истифодааш аҳамият медиҳанд


», – афзуд соҳибкор


.



Умед, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки зимни муроҷиат ба дорухонаҳо 


ҳатман ба муҳлати эътибори маводи дармонбахш таваҷҷуҳ 


мекунад: «Ман вақте маводи дорувории лозимро мехарам, ба муҳлати истифодааш эътибор медиҳам. Солҳое пешинаш ба ёдам нест, вале дар як соли охир боре вонахӯрдаам, ки ба ман дорувории муҳлати истифодааш гузаштаро дода бошанд


».


Тибқи омори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон, тайи се соли охир дар маҷмӯъ 247 ҳазору 733 адад маводи дорувории муҳлаташ гузашта ба маблағи умумии 1 миллиону 127 ҳазору 279 сомонӣ нобуд карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.