Тасдиқи Консепсияи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии кишварҳои узви ИДМ

Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод Барномаи байнидавлатии ҳадафноки «Эҳёи (рекултиватсияи) қаламрави кишварҳои аз истихроҷи уран осебдида» маъқул шуморида шуд. Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳадафи аслии барномаи мазкур амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба эҳёи қаламрави наздик ду иншоот – яке дар Тоҷикистион (Табошар) ва дигарӣ дар Қирғизистон (Каҷи-Сой ва Мин-Қӯш) […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод Барномаи байнидавлатии ҳадафноки «Эҳёи (рекултиватсияи) қаламрави кишварҳои аз истихроҷи уран осебдида» маъқул шуморида шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳадафи аслии барномаи мазкур амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба эҳёи қаламрави наздик ду иншоот – яке дар Тоҷикистион (Табошар) ва дигарӣ дар Қирғизистон (Каҷи-Сой ва Мин-Қӯш) аст, ки сарчашмаи хатари имконпазири фаромарзии экологӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи нахуствазирон дар Ашқобод, ки нахутсвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ ҳузур дошт, Консепсияи амнияти ҳастаӣ (ядроӣ) ва радиатсионии кишварҳои узхви ИДМ дар бахши истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади осоишта низ тасдиқ карда шуд.

Дар ин санад усулҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои ҳамкории мутақобила оид ба таъмини амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки амалисозии он муайян карда шудаанд. Барои амалисозии ин консепсия соли оянда таҳияи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа дар ин самт дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Табошар дар вилояти Суғд воқеъ буда, соли 2012 ба шаҳри Истиқлол табдили ном кард. Шаҳр дар паҳлӯи конҳои ғанӣ аз захираҳои маъдани нимаметаллӣ ҷойгир буда, ҳамчунин дар наздикиаш партовгоҳи маъданҳо воқеъ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.