С.Аслов бо рафти сохтмони бинои сафорати ҶТ дар Исломобод шинос шуд

Date:



Дар доираи сафари расмӣ ба Покистон рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Исломобод бо ҷараёни сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон шинос шуд.

Дар маълумоти департаменти иттилоотии ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки хишти аввали сохтмони бинои нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Покистон дар соли 2011 гузошта шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар Сироҷидин Аслов ҳамчунин бо мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз мулоқот барпо намуда,зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳо байни кишварҳоро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти суҳбат Сироҷидин Аслов қайд кард, ки барои кишвари мо сафари гузаштаи расмии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада зимни музокирот дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ мегарданд.

Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷониби покистонӣ ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомадаи тарафайн дар самтҳои энергетикаву рушди коммуникатсия тазаккур намуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо вазири савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон роҷеъ ба масоили робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо зарурати зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро қайд карда, ба мувофиқа омаданд, то ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар таҳким бахшида шаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related