С.Аслов бо рафти сохтмони бинои сафорати ҶТ дар Исломобод шинос шуд

Дар доираи сафари расмӣ ба Покистон рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Исломобод бо ҷараёни сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон шинос шуд. Дар маълумоти департаменти иттилоотии ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки хишти аввали сохтмони бинои нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Покистон рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Исломобод бо ҷараёни сохтмони бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон шинос шуд.

Дар маълумоти департаменти иттилоотии ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки хишти аввали сохтмони бинои нави намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Исломобод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ ба Покистон дар соли 2011 гузошта шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар Сироҷидин Аслов ҳамчунин бо мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз мулоқот барпо намуда,зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳо байни кишварҳоро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар рафти суҳбат Сироҷидин Аслов қайд кард, ки барои кишвари мо сафари гузаштаи расмии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои бадастомада зимни музокирот дар сатҳи баланд муҳим арзёбӣ мегарданд.

Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷониби покистонӣ ҷиҳати татбиқи пай дар пайи мувофиқаҳои бадастомадаи тарафайн дар самтҳои энергетикаву рушди коммуникатсия тазаккур намуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо вазири савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон роҷеъ ба масоили робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо зарурати зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро қайд карда, ба мувофиқа омаданд, то ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар таҳким бахшида шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.