Аз 25 то 27-ми ноябри соли 2014 дар толори конфронси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» сессияи 3-ми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва маркетинг доир мегардад.
Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки сессияи омўзишҳои маркетинг дар худ чашнигирӣ (санҷиши меваю сабзавотҳои коркардшуда аз тарафи иштирокчиёни омўзиш, корхонаҳои коркард аз ҷануби Тоҷикистон) ва семинар бо операторони бозор (марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо): “Дастрас будани марказҳои савдо барои соҳибкорони хурду миёнаи аз ҷануби Тоҷикистон дар сектори коркарди меваю сабзавот: имкониятҳо ва мушкилиҳо”-ро дар бар мегирад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.
Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.
Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои тренерҳо (омӯзгорон) тренингҳои серӯза дар муддати соли ҷорӣ ва оянда гузаронида мешаванд.
Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.


