Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо президенти БАТР дар Норак

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Норак президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҷаноби Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. Д.Гулмаҳмадзода ба роҳбарияти […]

Сайраҳмон Назриев



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Норак президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҷаноби Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Д.Гулмаҳмадзода ба роҳбарияти бонки номбурда пешниҳод кард, ки бо дастгирии молиявии ин бонк дар шаҳри Норак барои истироҳати ҷавонон ва наврасон «Аквапарк» ва роҳи бо банд ҳаракаткунанда то обанбори Норак сохта шавад.

Меҳмонон баъд аз ин вохӯрӣ бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардида, ҳамчунин аз обанбори Норак боздид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.