Тадбирҳои рушди бахши коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистону Қирғизистон

Аз 25 то 27-ми ноябри соли 2014 дар толори конфронси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» сессияи 3-ми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва […]

ASIA-Plus



Аз 25 то 27-ми ноябри соли 2014 дар толори конфронси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар чорчӯбаи лоиҳаи «Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» сессияи 3-ми омўзишҳои бехатарии хӯроквории НАССР (аз англ. – Hazard Analysis and Critical Control Points – таҳлили хавф ва нуқтаҳои қатъии назорат) ва маркетинг доир мегардад.

Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки сессияи омўзишҳои маркетинг дар худ чашнигирӣ (санҷиши меваю сабзавотҳои коркардшуда аз тарафи иштирокчиёни омўзиш, корхонаҳои коркард аз ҷануби Тоҷикистон) ва семинар бо операторони бозор (марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо): “Дастрас будани марказҳои савдо барои соҳибкорони хурду миёнаи аз ҷануби Тоҷикистон дар сектори коркарди меваю сабзавот: имкониятҳо ва мушкилиҳо”-ро дар бар мегирад.

Чорабинии мазкур аз тарафи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ғайридавлатии British Expertise (Британияи Кабир) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Осиёи Миёна – Инвест III баргузор мегардад.

Ин лоиҳа барои рушди корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои коркарди меваю сабзавот ҷалб шудаанд, равона шудааст.

Дар чорчӯбаи ин лоиҳа барои тренерҳо (омӯзгорон) тренингҳои серӯза дар муддати соли ҷорӣ ва оянда гузаронида мешаванд.

Дар тренинг кормандони масъули сохторҳои давлатӣ, намояндагони сектори хусусӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олӣ, ва роҳбарони ассосиатсияҳои соҳибкории манфиатдор ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.