Нахуствазири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Туркманистон

Чанде қабл президенти Турманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашқобод ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Турманистон (TDN), Қоҳир Расулзода ба президенти Туркманистон паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл президенти Турманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ба пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашқобод ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Турманистон (TDN), Қоҳир Расулзода ба президенти Туркманистон паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишвари дӯсти Туркманистон ҳамаҷониба манфиатдор аст.

Президенти Туркманистон хислати муколамаи созанда ва пурсамари муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуда, изҳор кард, ки Туркманистон ба густариши минбаъдаи шарикии барои тарафйн судманд бо кишвари ҳамсоя омода аст.

«Дар ҷараёни мулоқот нахуствазири Тоҷикистон манфиатдории кишварашро ба бештар фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт изҳор дошт, ки амалисозии лоиҳаи бузурги сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ба он такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», – баён мегардад дар иттилои агентӣ.

Гуфта мешавад, президенти Туркманистон ва нахуствазири Тоҷикистон изҳори итминон краданд, ки бо назардошти самти пешгирифтаи густариши шарикии барои тарафайн судманд ҳам миёни кишварҳо ва ҳам дар доираи созмонҳову сохторҳои байнулмилалӣ, муколамаи дуҷониба минбаъд низ дар рӯҳияи созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.