Мусоидати ИА ба рушди соҳибкории миёна дар Тоҷикистону Қирғизистон

Date:



Клуби Хизматии Бишкек (КХБ) вохӯрии «Рушди бахши ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро, ки масъалаҳои рушди бахши ҳунармандии Қирғизистон муҳокима мешаванд, баргузор менамояд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур, ки дар толори конфронси КХБ (хиёбони Чуй 245/1, шаҳри Бишкек) мегузарад, аз ҷониби Эсен Ҷуманов, директори КХБ, ва Элвира Карипова, роҳбари лоиҳаи КХБ бо суханони табрикотӣ оғоз меёбад.

Дар вохӯрӣ тафсири чорабиниҳо ва муваффақиятҳои лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ мегардад, пешкаш карда мешаванд.  Инчунин иштирокчиёни вохӯрӣ бо натиҷаҳои пешбурди масъалаҳои андоз ва қонунгузорӣ дар бахши ҳунармандӣ шиносо мегарданд .

 Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...