Мусоидати ИА ба рушди соҳибкории миёна дар Тоҷикистону Қирғизистон

Клуби Хизматии Бишкек (КХБ) вохӯрии «Рушди бахши ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро, ки масъалаҳои рушди бахши ҳунармандии Қирғизистон муҳокима мешаванд, баргузор менамояд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур, ки дар толори конфронси КХБ (хиёбони Чуй 245/1, шаҳри Бишкек) мегузарад, аз ҷониби Эсен Ҷуманов, директори КХБ, ва Элвира Карипова, роҳбари лоиҳаи […]

ASIA-Plus



Клуби Хизматии Бишкек (КХБ) вохӯрии «Рушди бахши ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон»-ро, ки масъалаҳои рушди бахши ҳунармандии Қирғизистон муҳокима мешаванд, баргузор менамояд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар ҶТ хабар доданд, вохӯрии мазкур, ки дар толори конфронси КХБ (хиёбони Чуй 245/1, шаҳри Бишкек) мегузарад, аз ҷониби Эсен Ҷуманов, директори КХБ, ва Элвира Карипова, роҳбари лоиҳаи КХБ бо суханони табрикотӣ оғоз меёбад.

Дар вохӯрӣ тафсири чорабиниҳо ва муваффақиятҳои лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ мегардад, пешкаш карда мешаванд.  Инчунин иштирокчиёни вохӯрӣ бо натиҷаҳои пешбурди масъалаҳои андоз ва қонунгузорӣ дар бахши ҳунармандӣ шиносо мегарданд .

 Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.