КДАМ: Дар Сурия тақибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд

– Айни замон дар қаламрави Сурия тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар ин кишвар ширкат доранд, – хабар медиҳад радиои «Озодӣ» бо истинод ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Акрам Амонов. Зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ санаи 21-уми ноябр А.Амонов дар ин робита изҳор намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



– Айни замон дар қаламрави Сурия тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ дар ин кишвар ширкат доранд, – хабар медиҳад радиои «Озодӣ» бо истинод ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон Акрам Амонов.

Зимни суханронӣ дар музокироти парлумонӣ санаи 21-уми ноябр А.Амонов дар ин робита изҳор намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба амалиёти ҷангӣ дар Сурия тариқи қаламрави Русия ва Афғонистон сафарбар мешаванд ва яке аз нуқтаҳои сафарбарии ҷангиён ба Сурия дар шаҳри Маскав, хиёбони сулҳ воқеъ аст.

Қаблан ҳукуматдорони Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар ҳузур доранд ва дар ин даргириҳо ҳадди ақал 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни музокироти парлумонӣ фаъолияти хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод. Дар ин робита ӯ изҳор дошт: «Фаъолияти хадамоти муҳоҷират дар Русия ғайриқаноатбахш аст. Дар бораи ҳалокат ва риоя нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хабарҳои зиёд мерасанд. Аскари шаҳрвандон аз қаламрави ин кишвар хориҷ карда мешаванд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.