Суд даъвои наздикони Шаҳбол Мирзоев оид ба пардохти ҷубронро қабул кард

Наздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, бори дуюм ба суди гарнизони ҳарбии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд, ки дар он ба сифати ҷавобгар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон зикр шудааст. Дилшод Ҷӯраев, адвокати Ш.Мирзоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор […]

Мавзуна Абдуллоева



Наздикони сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, бори дуюм ба суди гарнизони ҳарбии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд, ки дар он ба сифати ҷавобгар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон зикр шудааст.

Дилшод Ҷӯраев, адвокати Ш.Мирзоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар ариза аз сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пардохти ҷуброн дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ талаб карда шудааст, ки аз ин миқдор 97 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ ва 144 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ аст.

«Аризаи даъвогии аввал моҳи сентябр ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе пешниҳод гардида буд, вале суд бинобар сабаби як қатор камбудиҳо дар матни ариза, онро қабул накард, акнун мо тамоми камбудиҳоро ислоҳ намуда, бори дуюм – 20-уми ноябр аризаро пешниҳод кардем», – гуфт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

ба аёдати сарбози марзбони

дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта, ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба муҷозот кашидани тамоми афроди гунаҳкор ба латукӯби ӯ тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ғайр аз ин, Р.Раҳмоналӣ ба Шаҳбол зикр карда буд, ки тамоми хароҷоти табобати ӯро давлат ба уҳда мегирад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо

лату кӯб карда

, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) 

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.