Шикасти дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар Чин

Се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – рӯзи 21-уми ноябр дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин аз медалҳо бенасиб монданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Маркус Найман (Шветсия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои […]

ASIA-Plus



Се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – рӯзи 21-уми ноябр дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин аз медалҳо бенасиб монданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Маркус Найман (Шветсия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Саидҷалол Саидов, ки  дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Юн Занг (Чин) пирӯз шуд, дар даври баъдӣ аз Димитри Петерс (Олмон) мағлуб гардид. Баъдан Саидҷалол дар мубориза барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Рёсуке Такаҳашӣ аз Ҷопон бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.  

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввалаз  Роберт Зиммерманн (Олмон) шикаст хӯрд ва бе медал монд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.