Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ бо сарвазири Покистон

Рӯзи 21 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии худ ба Исломобод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои амният, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ табодули назар сурат гирифта, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 21 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии худ ба Исломобод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои амният, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ табодули назар сурат гирифта, ба татбиқи қарордодҳое, ки зимни сафари расмии сарвазири Покистон ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.  

Ба иттилои мнабаъ, ҷонибҳо инчунин вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавию байналмилалиро муҳокима карданд.

Худи ҳамин рӯз дар Исломобод вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ мусоҳибон аз ҳамкории судманди ду кишвар дар соҳаи энергетика изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, то чунин ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ва минтақавӣ давом диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.