Дар Душанбе мушкилоти ВАО-и электрониро баррасӣ карданд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Мушкилоти ВАО-и электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» конфронс баргузор шуд. Дар кори конфронс профессорони факултаи журналистикаи ДМТ Асадулло Саъдуллоев, Ҷовид Муқим, Баҳриддин Камолиддинов, намояндаи телевизиони «Шабакаи аввал» Абдуғаффори Камол, дотсенти кафедраи «Телевизион ва радиоишунавонӣ»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Гавҳар Умарова ва намояндагони Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Кӯлоб иштирок […]

Аъзам Аҳруллоев



Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Мушкилоти ВАО-и электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» конфронс баргузор шуд.

Дар кори конфронс профессорони факултаи журналистикаи ДМТ Асадулло Саъдуллоев, Ҷовид Муқим, Баҳриддин Камолиддинов, намояндаи телевизиони «Шабакаи аввал» Абдуғаффори Камол, дотсенти кафедраи «Телевизион ва радиоишунавонӣ»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Гавҳар Умарова ва намояндагони Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Кӯлоб иштирок ва ибрози андеша намуданд.

Профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Мушкилоти фаъолӣ ва этимод ба ВАО» суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз тамоми ВАО-и электронӣ мушкилоти ҷомеаро воқеъбинона ва беғараз инъикос мекунанд. Ӯ ҳодисаи моҳи октябр дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд бо иштироки Рустам Ҳукумовро мисол овард, ки «васоити ахбори оммаи гуногун ба гунаи худ инъикос намуданд ва яқинан возеҳ нашуд, ки дарвоқеъ чӣ ҳодиса рух додааст».

Асадулло Саъдуллоев қайд кард, ки «имрӯз барномаҳои телевизионӣ бештар ҳирфаӣ шудаанд ва журналистони ҳирфаӣ ҳам пайдо шудаанд». «Жанри «ток-шоу» дар телевизиони Тоҷикистон фаъолона дар ҳоли рушд аст, ки боиси хушнудист», – гуфт ӯ.

Ба андешаи Абдуғаффори Камол, дастрасӣ ба ВАО-и электронӣ як тарафи масъала буда,, тарафи дигари масъала пешниҳоди иттилои воқеъӣ мебошад. «Масалан, рӯйдодҳои Украинаро ВАО-и Русия ва кишварҳои Ғарб аз нигоҳи худ инъикос мекунанд, аз ин рӯ, бар ин назарам, ки имрӯзи журналист бояд андешаи мустақили худро дошта бошад», – таъкид дошт номбурда.

Дар конфронс атрофи мавзӯъҳои «Бояд воқеъбинона навишт», «Барномаҳои шоу ва мушкилоти ҷавонон», «Телевизион таҷассумгари фарҳанг» ва ҳамчунин масъалаҳои ҳамраъйии ВАО дар Тоҷикистон, забони ВАО-и электронӣ, ахлоқи журналистӣ дар телевизион ва ғайра табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.