Ҳамраиси комиссияи оташбас меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»

Date:



Ҳамраиси комиссияи оташбас аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик тайи солҳои даргириҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 27-уми ноябр меҳмони навбатии вохӯриҳо дар доираи форуми «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов мешавад. Мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва журналистон дар маркази равобити «Пойтахт» баргузор мегардад.

Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Ҷ.Маҳмудов дар бораи мушкилоти мавҷудаи ҳамонвақта дар самти оташбас зимни мухолифати мусаллаҳона миёни тоҷикон хотироту андешаҳои худро иброз хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷалолиддин Маҳмудов давоми солҳои 1995-1997 ҳамраиси комиссияи оташбас аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буда, айни замон узви Комиссияи марказии интихобот  ва раъйдиҳии Тоҷикистоназ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....