Имзои созишномаи равуои бидуни раводиди мансабдорон миёни Тоҷикистону Кувайт

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Хамас ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ мусоҳибон перомуни масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуда,  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳаммияти таҳкими робитаҳо бо Давлати […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Хамас ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ мусоҳибон перомуни масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуда,  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳаммияти таҳкими робитаҳо бо Давлати Кувайт ва ҷойгоҳи вежаи он кишварро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд.

С. Аслов афзуд, ки ибтидои таърихи робитаҳои ду кишварро метавон аз нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 17-19 апрели соли 1995 ҳисоб кард ва маҳз ин сафар таҳкурсии муносибатҳои ду кишварро гузошт. Қайд гардид, ки соли оянда 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар мебошад. Ба ин муносибат С. Аслов пешниҳод кард, ки барномаи гузаронидани чорабиниҳои идона тартиб дода шуда, вазоратҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати ҳамоҳанг намудани корҳои ташкилӣ ва иҷрои чорабиниҳо ҳамкориро ба роҳ монанд. Илова ба ин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ишора ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар, пешниҳод намуд, то барномаи ҳамкориҳо барои солҳои 2015-2020 тарҳрезӣ шавад.

Зимни музокирот инчунин маросими баимзорасонии Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ аз 23 июни 2013 доир гардид. Протоколи мазкурро вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт ба имзо расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.