Ҳамраиси комиссияи оташбас меҳмони навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»

Ҳамраиси комиссияи оташбас аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик тайи солҳои даргириҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 27-уми ноябр меҳмони навбатии вохӯриҳо дар доираи форуми «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов мешавад. Мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва журналистон дар маркази равобити «Пойтахт» баргузор мегардад. Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Ҷ.Маҳмудов […]

Аваз Юлдошев



Ҳамраиси комиссияи оташбас аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик тайи солҳои даргириҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 27-уми ноябр меҳмони навбатии вохӯриҳо дар доираи форуми «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов мешавад. Мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва журналистон дар маркази равобити «Пойтахт» баргузор мегардад.

Профессор Иброҳим Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Ҷ.Маҳмудов дар бораи мушкилоти мавҷудаи ҳамонвақта дар самти оташбас зимни мухолифати мусаллаҳона миёни тоҷикон хотироту андешаҳои худро иброз хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷалолиддин Маҳмудов давоми солҳои 1995-1997 ҳамраиси комиссияи оташбас аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буда, айни замон узви Комиссияи марказии интихобот  ва раъйдиҳии Тоҷикистоназ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.