Афзоиши назаррасии муомилоти моли Тоҷикистон бо Аврупо

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо қариб 60%зиёд шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо 766 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 267 млн. доллари ИМА […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо қариб 60%зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо 766 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 267 млн. доллари ИМА ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Аврупо ва 499 млн.доллари ИМА ба воридоти маҳсулоти аврупоӣ ба кишвари мо рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Австрия – 52%, Булғористон – 60%, Сан-Марино 62% ва Латвия – 21% афзудааст. Ҳаҷми воридоти мол аз Юнон – 7,3 баробар, Испания – 5,3 баробар, Хорватия – 2,6 баробар ва Шветсия – 6,4 баробар зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Тоҷикистон ба Аврупо асосан зардолуқоқ, нахи пахта ва маснӯот аз пахта содирот шуда, аз Аврупо ба Тоҷикистон асосан автомашинаҳо, доруворӣ ва таҷҳизоти он, техника ва ғайра ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.