Шабдолов: Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи сохтмони Роғун баромада наметавонад

Узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун Тоҷикистон бояд кишварҳои узви ИДМ-ро ҷалб намояд, зеро худи Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи бунёди ин иншооти бузург баромада наметавонад. «Касоне фикр доранд, ки мо бо нерӯи худӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун […]

Пайрав Чоршанбиев



Узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун Тоҷикистон бояд кишварҳои узви ИДМ-ро ҷалб намояд, зеро худи Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи бунёди ин иншооти бузург баромада наметавонад.

«Касоне фикр доранд, ки мо бо нерӯи худӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қодирем, хомхаёланд. Мо аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ, аз ҷумла маблағи фурӯши саҳмияҳо ба аҳолӣ ба сохтмони ин иншоот қодир нестем. Ба ҷамъияти саҳҳомии мавҷуда шомил кардани Русия, Қазоқистон ва дигар кишарҳои узви ИДМ зарур аст. Оииномаи ин ҷамъиятро бозбинӣ карда, ба ин кишварҳо имкон додан даркор аст, ки саҳмияҳо харидорӣ намоянд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома номбурда қайд кард, ки дар ин кор «ба кишварҳои ИДМ афзалият додан зарур аст» ва танҳо воситаҳои камбуди пас аз ин боқимондаро метавон аз ҳисоби сармоягузориҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷи дур (Эрон, Покистон, Чин ва ғайра) ҷалб намуд.

Шабдолов бар ин назар аст, ки бо кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистонро умумиятҳои зиёде муттаҳид намуда, дар сурати зарурат, онҳо метавонанд ҳатто қарзҳояшонро бозбинӣ кунанд ё ба мо гузашт кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шабдолов қотеъона ба ҷалби қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби давлат барои сохтмони Роғун мухолиф аст. «Чӣ қадре хоҳем, хориҷиён ба мо қарз медиҳанд, вале мо қодир нестем, ки қарзҳоро баргардонем, чунки фавран қарзи гирифтаро ба сармояи истеҳсолӣ табдил дода наметавонем, ки ба хизматгузории қарзи гирифта қодир аст ва хориҷиён ба мо қарзҳоро намебахшанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки аз инҳо қарз гирифта нашавад», – изҳор намуд вай.

Вакил ҳамчунин шарҳ дод, ки барои Роғун мо маҷбурем, ки чанде аз таҷҳизоти муосирро ба қарз харем, ки имрӯз танҳо дар кишварҳои рушдёфтаи ғарбӣ истеҳсол мешаванд, яъне мо метавонем танҳо технология барои нерӯгоҳро ба қарз гирем.

Дар робита ба воситаҳои буҷет, ки ҳамасола барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд, Ш.Шабдолов чунин ибрози андеша намуд, ки «Роғун натанҳо нерӯгоҳу сарбанд ва турбина аст, балки он як маҷмӯи мукаммал, шаҳрак бо тамоми зерсохтори иҷтимоӣ мебошад ва воситаҳои буҷет ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зербинои мавҷуда ва сохтмони зербинои нав ва дар маҷмӯъ тамоми зербино, аз ҷумла иҷтимоӣ истифода мешаванд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.