Дастоварди гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо

Date:



Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд).

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳо 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, нахуст паҳлавони маъруфи тоҷикАкмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард.

Гуфта мешавад, дар ин вазн Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Аймерген Аткунов(Русия) барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Масанори Араки (Ҷопон), ки мақоми севумро соҳиб гашт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.  

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми ноябр – паҳлавони дигари тоҷикХушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.


Акс аз радиои «Озодӣ».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...