Бо қарори иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, номи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт иваз карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, мутобиқи ин қарор, кӯчаи Пугачев ба Шариф Раҳимов, кӯчаи Лиза Чайкина ба Давлат Гадоев, кӯчаи Менжинский ба Солиҷон Боҳиров, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ табдили ном карда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 номи Абдумалик Баҳорӣ гузошта шуд.


