Зайд Саидов аз ваколатҳояш дар Маҷлиси пойтахт маҳрум шуд

Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми ноябр доир гардид, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов қарор қабул шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории Душанбе хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, Зайд Саидов 28-уми […]

ASIA-Plus



Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 21-уми ноябр доир гардид, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов қарор қабул шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории Душанбе хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, Зайд Саидов 28-уми феврали соли 2012 аз ҳавзаи интихоботии №12 вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб гардида буд. Ғайр аз ин, ваколатҳои вакили дигари Маҷлиси пойтахт, собиқ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саидбек Шарипов, ки як моҳ қабл аз олам даргузашт, низ қатъ карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.