Як моҳ муҳлат ба муовинони раиси пойтахт барои рафъи камбудиҳо

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» тахти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» тахти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев Н. оид ба омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистон шунида шуд.

Муовини аввали раиси пойтахт зимни суханрониаш қайд кард, ки чун ҳамасола, проблемаи зиёдшавии талабот ба нерӯи барқ бо саршавии оғози сармо ва инчунин набудани дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла гази табиӣ, ба сербории фаъолияти системаи барқтаъминкунии шаҳр оварда расонида, соли ҷорӣ низ аввали моҳи ноябр истифодабарии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе аз 8-9 млн кВт. соат то 13-13,5 млн кВт.соат афзуд, ки ин ҳолат сабаби садама ва қатъшавии интиқоли қувваи барқ дар баъзе қисматҳои шаҳр гардид.

«Шабакаҳои барқии шаҳр 75% аз корҳои пешбинишуда оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро ба иҷро расонида, захираи ангишт дар шаҳр 55% аз нақшаи пешбинишударо ташкил доданд», – иброз дошт муовии аввали раиси пойтахт.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти муовинони худ Насрулло Хайруллоев, Ҷамшед Мансуров, Низом Ҳакимов, Руқия Қурбонова ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба ҳар кадоме то 20 декабри соли ҷорӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият муҳлат муқаррар намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.