«Истиқлол» тамоми ҷоизаҳои имконпазири имсоларо ба даст овард

Пас аз дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ғолиб омадан дар мусобиқиаи Лигаи олии футболи мамлакат, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти сарварии сармураббӣ Мубин Эргашев рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2014 бар дастаи «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуда, ба […]

ASIA-Plus



Пас аз дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ғолиб омадан дар мусобиқиаи Лигаи олии футболи мамлакат, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти сарварии сармураббӣ Мубин Эргашев рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2014 бар дастаи «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуда, ба ин ҷоиза низ шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, қаҳрамони ин бозӣ капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восисев маҳсуб меёбад, ки ба дарвозаи ҳариф 3 тӯб равона кард ва бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ эътироф гардид.

Даастаи «Истиқлол» дар таърихи худ бори чаҳорум аст, ки пайдарҳам ду сол ба Ҷоми миллии футболи Тоҷикистон соҳиб мешавад. Ҳамин тариқ, дар мавсими имсола дастаи «Истиқлол» тамоми ҷоизаҳои имконпазири мусобиқаҳоро ба даст оварда, соли ҷорӣ Тоҷикистонро дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2014 намояндагӣ мекунад.

Баъди анҷоми вохӯрӣ раиси Куммтаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Рустам Абдуллозода ғолибони Ҷоми футбол – бозигарону ҳайати раҳбарии дастаи «Истиқлол»-ро бо мукофоту ҷойизаҳо сарфароз гардонид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.