Роҳбарони воломақоми ҷумҳурӣ вакилони анҷумани ҳизби ҳоким интихоб шуданд

Date:



Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода вакилони анҷумани 12-уми пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ санаи 13-уми декабр дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки беш аз 1200 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои кишвар доир мегардад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки масъалаи вакили анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ интихоб шудани раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар конфронси кумитаи иҷроияи бахши ҳизб дар пойтахт, ки то ахири ҳафтаи равон доир мегардад, баррасӣ мешавад.

Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бахши ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вакили анҷумани 12-уми пешазинтихоботии ҳизб интихоб шуд.

«Дар анҷуман ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти 20-солаи ҳизб низ натиҷагирӣ мешавад. Чун яке аз чорабиниҳои асосии анҷуман таҷлили ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии ҳизб аст, айни замон масъалаи даъвати ҳайати як қатор ҳизбҳои ҳокими ҷаҳон ба кори анҷуман мавриди баррасӣ қарор дорад», – қайд кард Усмон Солеҳ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

То имрӯз ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист – 17-уми декабр, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 10-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related