Шабдолов: Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи сохтмони Роғун баромада наметавонад

Date:



Узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун Тоҷикистон бояд кишварҳои узви ИДМ-ро ҷалб намояд, зеро худи Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи бунёди ин иншооти бузург баромада наметавонад.

«Касоне фикр доранд, ки мо бо нерӯи худӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қодирем, хомхаёланд. Мо аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ, аз ҷумла маблағи фурӯши саҳмияҳо ба аҳолӣ ба сохтмони ин иншоот қодир нестем. Ба ҷамъияти саҳҳомии мавҷуда шомил кардани Русия, Қазоқистон ва дигар кишарҳои узви ИДМ зарур аст. Оииномаи ин ҷамъиятро бозбинӣ карда, ба ин кишварҳо имкон додан даркор аст, ки саҳмияҳо харидорӣ намоянд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома номбурда қайд кард, ки дар ин кор «ба кишварҳои ИДМ афзалият додан зарур аст» ва танҳо воситаҳои камбуди пас аз ин боқимондаро метавон аз ҳисоби сармоягузориҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷи дур (Эрон, Покистон, Чин ва ғайра) ҷалб намуд.

Шабдолов бар ин назар аст, ки бо кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистонро умумиятҳои зиёде муттаҳид намуда, дар сурати зарурат, онҳо метавонанд ҳатто қарзҳояшонро бозбинӣ кунанд ё ба мо гузашт кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шабдолов қотеъона ба ҷалби қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби давлат барои сохтмони Роғун мухолиф аст. «Чӣ қадре хоҳем, хориҷиён ба мо қарз медиҳанд, вале мо қодир нестем, ки қарзҳоро баргардонем, чунки фавран қарзи гирифтаро ба сармояи истеҳсолӣ табдил дода наметавонем, ки ба хизматгузории қарзи гирифта қодир аст ва хориҷиён ба мо қарзҳоро намебахшанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки аз инҳо қарз гирифта нашавад», – изҳор намуд вай.

Вакил ҳамчунин шарҳ дод, ки барои Роғун мо маҷбурем, ки чанде аз таҷҳизоти муосирро ба қарз харем, ки имрӯз танҳо дар кишварҳои рушдёфтаи ғарбӣ истеҳсол мешаванд, яъне мо метавонем танҳо технология барои нерӯгоҳро ба қарз гирем.

Дар робита ба воситаҳои буҷет, ки ҳамасола барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд, Ш.Шабдолов чунин ибрози андеша намуд, ки «Роғун натанҳо нерӯгоҳу сарбанд ва турбина аст, балки он як маҷмӯи мукаммал, шаҳрак бо тамоми зерсохтори иҷтимоӣ мебошад ва воситаҳои буҷет ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зербинои мавҷуда ва сохтмони зербинои нав ва дар маҷмӯъ тамоми зербино, аз ҷумла иҷтимоӣ истифода мешаванд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...