Ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа сардори яке аз шуъбачаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови манзили ӯ кормандони милиса 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбинро дарёфт ва мусодира намудаанд.
Гуфта мешавад, нисбати ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД ҶТ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, дар нишебии дарёчаи кӯҳии шохаҳои дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори куҳансол пинҳонгоҳи яроқу аслиҳа ошкор гардидааст.
«Аз ин пинҳонгоҳ 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ, 4- адад минаҳои зидди пиёдагард, 3- адад минаҳои зидди танкӣ, 449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд», – омадааст дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ.
Зимнан зикр мегардад, ки далели мазкур мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.


