Ҳабси 38 нашъаҷаллоб дар амалиёти муштараки мақомоти Тоҷикистону Чин

Аз  27 октябр то 21 ноябри соли  2014 бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистону Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ – пешгирикунанда баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus



Аз  27 октябр то 21 ноябри соли  2014 бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистону Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ – пешгирикунанда баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Афғонистон истеҳсол мегардад ва тариқи ҳудуди Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин қатъи   хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовари аз Чин ба Тоҷикистон буд.

Дар амалиёт аз ҷониби Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи  давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчии Чин Ситоди ҳамоҳангсозии  байналмилалӣ ташкил шуда буд.

Дар асоси Нақшаи тасдиқшуда, фаъолият дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе, Урумчи ва Қошгар  пурқувват карда шуд. Инчунин, дар ин давра фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгарди ду давлат пурқувват карда шуд.

Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхосе, ки дар ҷиноёти мухаддиротӣ даст доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ   181 кг  маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он  героин 22 кг,   афюн – 18 кг   ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – зиёда аз  140 кг-ро ташкил дод.

Гузаронидани чунин амалиётҳо имконият дод, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ ҳалли худро ёфта, тақвияти механизми иҷроиши ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии байни мақомотҳои салоҳиятдори Тоҷикистон ва Чин боз ҳам густариш ёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.