Ифтитоҳи хонаи ятимон дар ноҳияи Тоҷикобод бо кумаки сафорати ИМА

Муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ва раиси ноҳияи Тоҷикобод  Ализода Хоҷамир дар маросими ифтитоҳи хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» – и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ширкат варзиданд. Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, хонаи ятимони мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи сафорати ИМА, ки соли 2013  бо мақсади таъмин намудани ятимон […]

Иттилоияи расмӣ



Муовини роҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷесс ва раиси ноҳияи Тоҷикобод  Ализода Хоҷамир дар маросими ифтитоҳи хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» – и ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ширкат варзиданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, хонаи ятимони мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи сафорати ИМА, ки соли 2013  бо мақсади таъмин намудани ятимон ва толибилмон бо ҷои зист, ки ҳангоми фароҳам овардани фазои мусоид барои омӯзиш дар мактаб-интернат сокин шудаанд, сохта шудааст. 

«Ин лоиҳа имкониятҳои мактабро дар нигоҳубин намудани кӯдакони ятим дар ноҳияҳо васеътар  намуда, биноҳҳои хобгоҳ, синфхонаҳо, ошхона, хоҷатхонаву ҳаммомро барои истифодаи даҳҳо кӯдакони ятими гирду атроф қарор додааст.  Қабл аз сохтани бинои нави хонаи ятимон, мактаби мазкур берун аз чорчӯбаи имкониятҳои худ, барои зисти кӯдакон ду синфхонаро фароҳам оварда буд», – қайд мешавад дар иттилоияи сафорат.

Гуфта мешавад, кормандони сафорати ИМА бо кӯмаки мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ ва намояндагони соҳаи маорифи ноҳия ниёз ба фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва беҳдоштӣ барои толибилмон ва ятимони ноҳияи Тоҷикободро муаяйн намуданд.  Сохтмони бинои мазкур баъд аз баргузор намудани якчанд вохӯриҳо миёни намояндагони Сафорати ИМА ва ҳукумати маҳаллӣ,  сафарҳо ва гузаронидани таҳқиқот имконпазир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки хонаи ятимони ҷамоати «Ширин -чашма» аз ҳамкории миёни ҳукумати ИМА ва Вазорати маориф ва илм ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва сайқал додани сатҳи дониши кӯдакони ятим ва толибилмони ноҳияи Тоҷикобод шаҳодат медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.