Гумонбарии корманди ВКД ба хариду фурӯши аслиҳа

Ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа сардори яке аз шуъбачаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови манзили ӯ кормандони милиса 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбинро  дарёфт ва мусодира намудаанд. […]

ASIA-Plus



Ба гумони даст доштан дар хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа сардори яке аз шуъбачаҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови манзили ӯ кормандони милиса 5-адад таппонча, 3-адад милтиқҳои гуногун, 634-адад тирҳои гуногун, 6-адад тирдон, 1-адад найза-корд ва 1-адад дурбинро  дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратури генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Анваршо Бекназаров ба ҳабс гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД ҶТ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёси шаҳри Ваҳдат, тахминан 100 метр дуртар аз роҳи мошингард, дар нишебии дарёчаи кӯҳии шохаҳои дараи Ромит, аз зери решаи дарахти чанори куҳансол пинҳонгоҳи яроқу аслиҳа ошкор гардидааст.

«Аз ин пинҳонгоҳ 6- адад автомати «Калашников» тамғаҳои АКСУ, АКС ва АК-74, 3- адад таппончаи тамғаи «Макаров» қутраш 9 мм, 5- адад тирдонҳо аз автомати тамғаи «Калашников», 2- адад тирдон аз таппончаи тамғаи «Макаров», як адад норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, як адад норинҷаки дастии тамғаи РГД-5, ду адад тарконандаҳои (запал) тамғаи УЗРГМ,  4- адад минаҳои зидди пиёдагард,  3- адад минаҳои зидди танкӣ,  449 адад тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд», – омадааст дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки далели мазкур мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.