Тоҷикистон иқтидори нерӯгоҳи Қайроққумро афзуданист

Date:



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум баррасии масъалаи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни ҶТ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Созишномаи грантӣ байни ҶТ, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР, Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР ва Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва БАТР оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон хабар дод, воситаҳои қарзии БАТР ба барқарорсозӣ ва таҷдиди таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии нерӯгоҳи амалкунандаи Қайроққум ва афзоиши иқтидори нерӯгоҳ аз 126 МВт то ба 174 МВт тариқи насби турбинаи иқтидораи номиналиаш бештар равона мегарданд.

«Амалисозии лоиҳа ба беҳбуди сатҳи бехатарии нерӯгоҳ, сарбанд ва обанбор ва таҳкими устувории нерӯгоҳ дар муқобили оқибатҳои номусоидии тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад. Лоиҳа дар ду марҳила бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 157 млн. евро амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал, аз ҷониби БАТР ҷудо градидани ҳудуди 50 млн. евро қарз дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ҳамроҳ бо Баронмаи санҷишӣ оид ба мутобиқат ба тағйирёбии иқлими Фонди иқлимии сармоягузорӣ, ки бурс дар ҳаҷми 11 млн. доллари ИМА ва 10 млн.  доллари ИМА қарзи имтиёзнокро таъмин мекунанд, маблағгузорӣ мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...