Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе

Date:



Дар ҳошияи сафари расмии президенти Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон имрӯз, 26-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, бо дастури ҳукумат аз ҷониби Кумита беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат ба бизнес-форум даъват карда шудаанд.

Гуфта мешавад, дар кори форум масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ, аз ҷумла имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чорабинии мазкур ба ҳозирин филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон намоиш дода шуда, нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат доир мегарданд ва дар раванди қисмати расмии бизнес-Форум як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...