Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе

Дар ҳошияи сафари расмии президенти Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон имрӯз, 26-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир мегардад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, бо дастури ҳукумат аз ҷониби Кумита беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти […]

ASIA-Plus



Дар ҳошияи сафари расмии президенти Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон имрӯз, 26-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, бо дастури ҳукумат аз ҷониби Кумита беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат ба бизнес-форум даъват карда шудаанд.

Гуфта мешавад, дар кори форум масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ, аз ҷумла имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чорабинии мазкур ба ҳозирин филми мустанад оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон намоиш дода шуда, нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат доир мегарданд ва дар раванди қисмати расмии бизнес-Форум як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.