Ҳаракати нақлиёт тариқи ағбаи Хобуробот манъ шуд

Date:



Роҳи мошингард тариқи ағбаи Хобуробот, ки пойтахти кишварро тавассути ноҳияи Тавилдара бо ВМКБ мепайвандад, барои ҳаракати нақлиёт баста шуд.

Чуноне ки ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, роҳи мошингард бинобар сабаби боришоти зиёди барф дар ин минтақа баста шуда, акнун танҳо нимаи моҳи майи соли оянда ҳаракати нақлиёт тариқи ин ағба барқарор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар давраи баста будани роҳ тариқи ағба ҳаракати нақлиёт аз маркази ҷумҳурӣ ба ВМКБ тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Шӯрообод-Дарвоз-Хоруғ сурат мегирад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дигар роҳҳои мошингарди кишвар тариқи ағбаҳои баландкӯҳ айни замон тибқи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...