Гуфтушунидҳои раҳбарияти Вазорати рушди иқтисод бо намояндагони БОР

Рӯзи 25-уми ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо мутахассиси департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд (БОР) хонум Приянка Суд баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Тоҷикистон ва БОР, ҳамчунин, мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 25-уми ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо мутахассиси департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд (БОР) хонум Приянка Суд баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Тоҷикистон ва БОР, ҳамчунин, мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фаъол намудани ҳамкории Марказ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, имконияти татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо вобаста ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулрӯ Қаюмова бо ҳайати намояндагони БОР хонум Тамара Ковзиридзе ва Фаррух Султонов мулоқот анчом дода, дар вохӯрии мазкур масоили рушди саноатии кишвар, инкишофи минбаъдаи бахши саноатӣ ва нақши он дар диверсификатсияи рушд, робитаи он ба коркард, содирот ва шуғл, ҳамчунин имконият ва масъалаҳои ҷойдошта баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми мулоқотҳои суратгирифта ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки осиёии рушд омодагии худро баён доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.