Вазорати кишоварзӣ 40 сар буққаҳои зотӣ мехарад

Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо иштироки масъулини соҳаи чорводорӣ ва сардорони лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-и Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазир таъкид намуд, ки […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо иштироки масъулини соҳаи чорводорӣ ва сардорони лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-и Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вазир таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, дар доираи лоиҳаи мазкур 40 сар буққаҳои зотӣ харидорӣ гардида, дар деҳаҳои калони аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои зерҳадаф, яъне Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ ва Фархор дастрас карда мешавад.

Гуфта мешавад, Қосим Роҳбар диққати масулинро ба масъалаҳои сифати буққаҳои харидоришаванда, таъмини шаффофияти тақсимоти онҳо ҷалб намуда, риояи қонунҳои амалкунандаро ҷиддан талаб намуд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015», воридкунандагони чорвои зотӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.