Дар асоси дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мавсими шинондани пиёзаки гули лола дар маркази маъмурии вилоят оғоз ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, гулкорони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонии шаҳр то санаи 18-уми ноябр тамоми корҳои омода намудани заминро барои парвариши гули лола ба анҷом расонида, алҳол дар майдонҳои барои парвариши гул пешбинишуда пиёзаки гули лоларо шинонида истодаанд.
Гуфта мешавад, то имрӯз кормандони муассисаи номбурда дар навбати аввал зиёда аз 30 ҳазор дона пиёзакҳо шинонда шуда, барои сари вақт ва беталафот сабзидани онҳо корҳои агротехнологиро анҷом медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақшаи омодашуда дар арафаи Наврӯзи соли 2015 гулзорҳои шаҳрро зиёда аз як миллион дона гули лола, бо намуди ҷадид оро хоҳад дод. Навъи гули лола «Ҳолландӣ» буда, он аз гармхонаҳои Федератсияи Русия харидорӣ шудааст.



