ҲАТ ба интихоботи парлумонӣ 24 номзад пешбарӣ мекунад

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда 24 номзад ба вакилиро пешбарӣ мекунад. Сухангӯи ҲАТ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҳизбии ҲАТ 10 нафар номзадҳо ба вакилӣ шомил гардида, боз 14 нафар намояндагони ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда 24 номзад ба вакилиро пешбарӣ мекунад.

Сухангӯи ҲАТ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҳизбии ҲАТ 10 нафар номзадҳо ба вакилӣ шомил гардида, боз 14 нафар намояндагони ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ барои курсии вакилӣ дар парлумон рақобат хоҳанд кард.

«Ба анҷумани VI Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми декабр дар Душанбе доир мегардад, 210 нафар вакилон аз тамоми манотиқи кишвар интихоб гардида, ҳамчунин 40 нафар намояндагони ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ ба кори анҷуман даъват шуданд», -гуфт ӯ.

Зиё Раҳмон зикр кард, ки пас аз даргузашти раиси пешинаи ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон, академик Амир Қаракулов рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ, ҳизбро се муовини ӯ ва аслан муовини аввал, собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода роҳбарӣ мекунанд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳояш ҳудуди 30 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад ва дар палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ соҳиби ду курсии вакилӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.