Хуҷандро дар ҷашни Наврӯз беш аз миллион лолаҳо оро медиҳанд

Дар асоси дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  мавсими шинондани пиёзаки гули лола дар маркази маъмурии вилоят оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, гулкорони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонии шаҳр то санаи 18-уми ноябр тамоми корҳои омода намудани заминро барои парвариши гули лола  ба анҷом расонида, алҳол дар майдонҳои барои […]

ASIA-Plus



Дар асоси дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  мавсими шинондани пиёзаки гули лола дар маркази маъмурии вилоят оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, гулкорони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонии шаҳр то санаи 18-уми ноябр тамоми корҳои омода намудани заминро барои парвариши гули лола  ба анҷом расонида, алҳол дар майдонҳои барои парвариши гул пешбинишуда  пиёзаки гули лоларо шинонида истодаанд.

Гуфта мешавад, то имрӯз кормандони муассисаи номбурда дар навбати аввал зиёда аз 30 ҳазор дона пиёзакҳо  шинонда шуда, барои сари вақт ва беталафот  сабзидани онҳо корҳои агротехнологиро анҷом медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи нақшаи омодашуда дар арафаи Наврӯзи соли 2015 гулзорҳои шаҳрро зиёда аз як миллион дона гули лола, бо намуди ҷадид оро хоҳад дод. Навъи гули лола «Ҳолландӣ» буда, он аз гармхонаҳои Федератсияи Русия харидорӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.