Имрӯз дар доираи сафари расмии президенти Чехия ба Тоҷикистон дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки “Чехия дар сиёсати хориҷии мо мақоми хос дорад, зеро миёни ду ҷумҳурӣ ҳамкории ба ҳурду ҷониб судманд то давлати мустақил шудани Тоҷикистон ҳам вуҷуд дошт”. Изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои судбахши сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар густариши бештар пайдо мекунанд.
Милош Земан дар навбати худ аз фаъолияташ дар шаҳри Душанбеи солҳои 80-уми асри гузашга ёдовар шуда, аз рушди бонизоми кунунии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт: “Корҳое, ки ба шумо муяссар шуд, ба бисёр давлатҳои дигар муяссар нагардидааст. Дар муддати кӯтоҳ шумо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, бар терроризм пирӯз шудед”. Бо ишора ба нақшаҳои бузурги рушди иқтисодии Тоҷикистон Милош Земан таъкид дошт, ки дар ин ҷо барои ташкил ва густариши робитаҳои гуногунпаҳлӯ бо Чехия имконот фаровон аст.
Меҳмони олимақом изҳори бовар намуд, ки сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишвари дӯст такони тоза мебахшад. Зимни баррасии имконоти фарохи ҳамкорӣ, ки дар музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари ширкатҳои чехословакии КОВО, ТЕХНОПОЛ, ПОЛИТЕХНА ва ДАТАСИСТЕМ дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон изҳори бовар карда шуд, ки имрӯз ва оянда ҳам робитаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар густариши беш аз пеш пайдо мекунанд. Муҳокимаи масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла авзои Афғонистону дигар нуқтаҳои доғи олам низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат Эъломияи муштараки Президенти Тоҷикистон ва Президенти Чехия, Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои хориҷии Чехия ва Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Вазорати тандурустии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расид. Дар нишасти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноат карда, ҳавасмандии амиқи ду кишварро ба таҳким ва густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯ таъйид намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки Милош Земан аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Чехия сафари ҷавобии расмӣ анҷом диҳад.



