Раиси Думаи давлатӣ хостори ихроҷи ИМА аз НАТО шуд

Date:



Сергей Наришкин, раиси маҷлиси Думаи русия хостори ихроҷи Амрико аз Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шуд.

Бино ба гузориши сомонаи расмии ҲНИТ бо истинод ба хабаргузории РИА Новости, Наришкин дар мизи гирди байналмилалӣ дар Маскав ба номи «Буҳрони эътимод дар Аврупо» Амрикоро масъули аслии танишҳои ба вуҷуд омада дар минтақаи Аврупо донистаааст.

Раиси маҷлиси Дума гуфтааст, ба шарикони аврупоӣ пешниҳод мекунам, ки Амрикоро аз блоки НАТО ихроҷ кунанд. «Амрико барои манфиатҳои худ буҳрони Украинаро ба вуҷуд оварда,иқдомоту ҳаракатҳои Вашингтон монеи ҳаллу фасли ин масъала аст», – иброз доштааст С.Наришкин.

Гуфта мешавад, раиси маҷлиси Думаи Русия ҳамчунин изҳор доштааст, ки Амрико ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар аз масъалаи Украина ба унвони дастовезе ва канор гузоштани Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мекунанд,  вале ин талошҳо бенатиҷа хоҳад буд ва онҳо наметавонанд Русияро канор бибаранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...