Қадрдонии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи ЕврАзЭС



Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл дар ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ширкат варзид, ки дар таърихи 14-солаи Иттиҳод охирин буд. Аз 1-уми январи соли 2015 фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қатъ мегардад.

Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли солҳои фаъолият аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) беш аз 200 лоиҳаҳои қонунҳои қолабӣ таҳия шуда, дар давраи аз соли 2007 то соли 2009 вазифаи раёсат дар ин Иттиҳодро Маҳмадсаид Убайдуллоев ба уҳда дошт.

Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои парлумони кишварҳои узви Иттиҳод барои фаъолияти пурсамар миннатдорӣ изҳор намуда, дар робита ба қатъи фаъолияти Иттиҳод, пешниҳод намуд, ки кормандони котиботи он дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо ҷойи корӣ таъмин карда шаванд. Ин пешниҳоди раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон якдилона дастгирӣ шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои фаъолияти пурсамар дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ифтихорномаи Иттиҳод қадрдонӣ шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин дар кори ҷаласаи 7-уми Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ ширкат варзид, ки дар он ҷараёни иҷрои барнома оид ба ҳамгуна сохтани қонунгузории кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии СААД барои солҳои 2011-2015 баррасӣ шуд.

Бо пешниҳоди М.Убайдуллоев, ба раиси Кумита оид мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов Ифтихорномаи СААД тақдим гардид. 

spot_imgspot_img

Популярное