Дар Форуми дуюми ҷамъиятии Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутмаинона изҳор намуд, ки ҳизби ӯ ба ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор, ҳукумат ва сохторҳои дахлдор баҳри коҳиши таҳдидҳои марбут ба тундгароӣ (радикализм) омода аст.
«Имрӯз масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҳамаи мо, аз ҷумла аҳзоби сиёсии минтақаро нигарон сохтааст. Мо бар ин назарем, ки танҳо бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз нерӯ ҳалли ин мушкилот ғайриимкон аст. Дар ин самт андешидани маҷмӯи тадбирҳои дорои хусусиятҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ зарур аст», – иброз доштааст Кабирӣ зимни суханронӣ дар форум.
Ба андешаи раиси ҲНИТ, тавсеъаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон бояд ҳамчун омили муҳими пешгирии тундгароии сиёсӣ ва динӣ баррасӣ шавад. «Бо назардошти манфатҳои давлату халқ, ҳизби мо саъюу талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамаи сохторҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои минтақаро дастгирӣ мекунад», – таъкид доштааст М.Кабирӣ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки робитаҳои бештар наздики иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ҷавобгӯи орзую омоли мардум аст, ки тибқи назарпурсии ахир, бештар равандҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаро писандидаанд.



