Табодули ҳамасолаи 5 донишҷӯ тибқи квотаҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон

Тибқи қарордод миёни Тоҷикистону Озарбойҷон, кишварҳо ҳамасола тибқи квотаҳо 5 нафар донишҷӯён аз кишварҳоро ба таҳсил фаро мегиранд. Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи созишномаҳои баимзораисда моҳи октябри соли равон, Тоҷикистон ба ҷудо кардани 5 квота ба шаҳрвандони Озарбойҷон барои давраи пурраи таҳсил дар зинаи аввали […]

Меҳрангез Турсунзода



Тибқи қарордод миёни Тоҷикистону Озарбойҷон, кишварҳо ҳамасола тибқи квотаҳо 5 нафар донишҷӯён аз кишварҳоро ба таҳсил фаро мегиранд.

Аз Вазорати маориф ва илми ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи созишномаҳои баимзораисда моҳи октябри соли равон, Тоҷикистон ба ҷудо кардани 5 квота ба шаҳрвандони Озарбойҷон барои давраи пурраи таҳсил дар зинаи аввали маълумоти олӣ, яъне бакалавриат уҳдадор аст.

«Дар курсҳои магистратура Тоҷикистон ба Озарбойҷон ду квота ва дарёфти увони илмии сатҳи номзади илм (Dосtог оf Рhilоsорhу) 1 ҷой ҷудо мекунад. Озарбойҷон низ ба иҷрои чунин шартҳо уҳдадор аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мувофиқи қарордодҳо, Тоҷикистону Озарбойҷон таҳсили ройгони донишҷӯёни тибқи квотаҳои дуҷониба ба таҳсил фарогирифташуда бар асоси қонунгузории миллии амалкунанда, истифодаи ройгон аз китобхонаи муассисаи таълимӣ ва шароити иқомат дар хобгоҳ бидуни пардохти маблағро таъмин мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби буҷети кишварҳои хориҷӣ (тибқи квота) донишҷӯёни тоҷик асосан дар муассисаҳои таълимии Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Чин таҳсил дошта, Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳудуди 300 квота ҷудо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.