Раиси Кумита оид ба Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон дар бахши адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Гимни давлатии ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ чанде қабл
барои тарғиби назми тоҷик дар хориҷа ва тарҷумаи асарҳои шоирони тоҷик ба забони русӣ дар маҷмӯаи «Огненные знаки» («Рамзҳои озарин») ба шоири рус Михаил Синелников Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакиро тақдим намуд.
Дар маросими тақдими ҷоиза адибони шинохтаи тоҷик, кормандони ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат иштирок карданд.
Ба гуфтаи Шоири халқии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Низом Қосим, М.Синелников асарҳои намояндагони барҷастаи назми форус тоҷик Абӯбабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Умари Хайём, Саноӣ, Низомӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Анварӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Биноӣ, Муҳаммад Иқбол, Лоҳутӣ ва дигаронро тарҷума кардааст.
«Ҳаводор ва дӯсти назми тоҷик хонандагони русзабони ҷаҳонро ҳамчунин бо асарҳои шоирони муосири тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саидалӣ Маъмур, Гулназар ва бисёре аз дигар шоирон низ шинос намуд», – қайд кард Н.Қосим.



