Табиби гунаҳкор дар марги зани ҳомиладор дар Хоруғ афв шуд

Бо қарори суди шаҳри Хоруғ, табиб Заррина Курбонмамадова,  гумонбар дар марги зани ҳомиладор Мумтоз Ширинбековаи 26-сола, ки дарҳол баъди таваллуд ҳалок шуда буд, мавриди афв қарор гирифт. Заррина Қурбонмамадова мутобиқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) айбдор дониста мешуд. Ҳамсари зани ҳалокшуда Эҳсон Шогунов ба «Азия-Плюс» дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Бо қарори суди шаҳри Хоруғ, табиб Заррина Курбонмамадова,  гумонбар дар марги зани ҳомиладор Мумтоз Ширинбековаи 26-сола, ки дарҳол баъди таваллуд ҳалок шуда буд, мавриди афв қарор гирифт.

Заррина Қурбонмамадова мутобиқи моддаи 129-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) айбдор дониста мешуд.

Ҳамсари зани ҳалокшуда Эҳсон Шогунов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо санаи 21-уми ноябр дар мурофиаи судӣ нисбати табиб иштирок карда, дар он судшаванда ба гуноҳаш иқрор шудааст ва изҳори пушаймонӣ намуда, аз суд дархост намудааст, ки нисбати ӯ қонуни афв мавиди амал қарор дода шавад. «Сипас суд дархости ӯро қонеъ намуда, ҳатто ҳеҷ ҷаримае ҳам таъин накард», – шикоят кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, хешону наздикони зани ҳалокшуда ба ин қарори суд розӣ набуда, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, санаи 1-уми декабр аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданианд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июни соли равон сокини 26-солаи шахри Хоруғ Мумтоз Ширинбекова пас аз ҷарроҳӣ барои таваллуд дар бемористони ВМКБ ба ҳалокат расид. Табибон ҳаёти занро наҷот дода натавонистанд, вале тифли зодаи ӯ, духтарча солим ба дунё омад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.