Суғд: Барномаи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод» барзиёд иҷро шуд

Дар қаламрави вилояти Суғд 2826,4 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд, ки 120,2%-и нақшаи барномаи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод»-ро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят 8130,5 километр роҳҳои мошингард мавҷуд буда, ҳолати техникии беш аз 6 ҳазор километр роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд. Гуфта мешавад, дар доираи […]

ASIA-Plus



Дар қаламрави вилояти Суғд 2826,4 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд, ки 120,2%-и нақшаи барномаи «Соли 2014 – соли роҳҳои обод»-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят 8130,5 километр роҳҳои мошингард мавҷуд буда, ҳолати техникии беш аз 6 ҳазор километр роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин барнома дар вилоят 2826,4 километр роҳҳо таъмир ва тармим шуданд, аз ҷумла 173,7 километр роҳ таъмири асосӣ, 1332,2 километр таъмири ҷорӣ ва 1320, 3 километр шағалпӯш шудааст. Дарозии роҳҳои пурра мумфаршуда нисбат ба соли 2013, 2,8 маротиба зиёд аст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 173,7 км роҳҳои аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 42,7 км бо маблағузорӣ аз буҷети вилоят, аз ҷумла 13,5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод-Уяс-Истаравшан пурра навсозӣ шуд. Барои таъмири роҳҳои боқимонда, маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард ва соҳибкорон ҷудо шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.